понедельник, 3 января 2011 г.

"Исроил дар сурати ҳамлаи мушакии Эрон 12 дақиқа фурсат дорад"

Бар пояи асноди дипломатии тозае, ки сомонаи Викиликс, мунташир кардааст, раиси ситоди муштараки артиши Исроил ба як ҳайати амрикоӣ дар соли 2009 гуфтааст, Исроил худро барои як ҷанги густурда омода мекунад.
Бар пояи ин гузориш, раиси ситоди муштараки артиши Исроил ҳамчунин гуфтааст, ки дар сурати ҳамлаи мушакии Эрон, Исроил танҳо 10 то 12 дақиқа фурсат хоҳад дошт

Ба навиштаи ин санад, ки марбут ба сафорати Амрико дар Телавив аст, генерал Габи Ашкеназӣ дар соли 2009 ба як ҳайат аз Конгресси Амрико мегӯяд: «Ман артиши Исроилро барои як ҷанги густурда омода мекунам, зеро дар ин сурат содатар аст, ки онро ба як амалиёти кӯчактар табдил кард то он, ки роҳи баръаксро рафт».

Бар пояи ин гузориш, раиси муштараки артиши Исроил ба ҳайате аз Конгресси Амрико гуфтааст: «Таҳдиди ҳамлаҳои мушакӣ ба Исроил аз ҳар замони дигар ҷиддитар аст. Ба хотири ҳамин аст, ки Исроил чунин тамаркузе бар рӯи дифоъ дар муқобили ҳамлаи мушакӣ дорад.»
Дар идомаи ин гузориш ҳамчунин аз раиси ситоди артиши нақл шудааст, ки вай ба ҳайати амрикоӣ мегӯяд, дар сурати партоби мушакҳои Шаҳоб-3 аз сӯи Эрон, Исроил танҳо 10 то 12 дақиқа барои вокуниш фурсат хоҳад дошт. Ин гузориш меафзояд, ки Габи Ашкеназӣ  шумори мушакҳои Шаҳоб-3-и Эронро 300 фарванд тахмин задааст.

Бар пояи гузориш, раиси ситоди муштараки артиши Исроил шумори мушакҳои Ҳизбуллоро низ 40 ҳазор фарванд бароварда кардааст, ки ба гуфтаи вай бисёре аз онҳо метавонад ба умқи хоки Исроил нуфуз кунад. Бар пояи ин санад, генерал Габи Ашкеназӣ ҳамчунин гуфтааст, ки Ҳамос низ имкони партоб ба сӯи Телавивро дорад.

Мутобиқи ин санади вобаста ба сафорати Амрико, раиси ситоди муштараки артиши Исроил, ки як сол пас аз ҳамла ба Ғазза сухан мегуфт, ҳушдор додаааст ки ҳамлаи баъдӣ ба Ғазза ҳазинаи инсонии бештаре барои фаластиниҳо хоҳад дошт. Вай айни ҳол таъкид кардааст, ки ҳамла ба аҳдофи ғайринизомӣ дар соли 2008 дар Ғазза аз рӯи қасд набудааст.

Дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба навори Ғазза дар соли 2008, наздик ба 1400 нафар, ки бештари онҳо ғайринизомӣ буданд, кушта шуданд.

Кушта шудани ду марзбони тоҷик

Бар асари як бархурди мусаллаҳона бо қочоқчиён дар минтақаи Шӯробод, воқеъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ду сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шудааст. Ба гуфтаи мақомот, даргирӣ ҳафтаи гузашта рух дода ва боиси кушта шудани теъдоде аз марзшиканон низ гардидааст.Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарон мехостанд, ки марзро убур намоянд, вале ба муқовимати шадиди нерӯҳои марзбонии тоҷик дучор шуданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, бинобар зиёд будани шумораи қочоқчиёни мусаллаҳ, дар амалиёти мазкур аз чархболҳои низомӣ низ истифода шудааст.

Шӯробод - мушкилзотарин бахши марз бо Афғонистон
Минтақаи Шӯробод дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон осебпазиртарин қитъаи марзӣ миёни ду кишвар боқӣ мондааст. Марзбонони тоҷик ҳанӯз ҳам муваффақ ба назорати комили ин қисмати марз нашудаанд ва қочоқбарон умдатан аз ҳамин минтақа ба манзури интиқоли маводди мухаддир истифода мекунанд. Мавқеъи ҷуғрофиёии минтақаи мазкур, ки аслан кӯҳистонист, назорат бар онро мушкил кардааст.

Ҷойи ёдоварист, ки Тоҷикистон ва Афғонистон 1400 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва ҳодисаҳои марзшиканӣ сари ҳар чанд вақте рух медиҳад.

Ҷалби пулиси савори асп барои таъмини амният

Мақомоти интизомии Тоҷикистон қасд доранд, ки теъдоди пулиси савори асп дар ин кишварро афзоиш диҳанд.
Дар охирин рӯзи соли гузашта дар амнияти ширкаткунандагони маросими таҷлили соли нави мелодӣ дар майдони “Дӯсти”-и шаҳри Душанбе гурӯҳи пулиси савори асп мушорикат карданд.
Аз ин гурӯҳи пулис, ки соле қабл таъсис шудааст, умдатан барои ҷилавгирӣ аз беназмиҳо зимни тазоҳурот истифода мешавад.
Тоҳир Норматов, раиси ситоди вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, ки ҳоло дар ихтиёри ниҳодҳои интизомӣ танҳо 15 асп қарор доранд. Ба гуфтаи вай, интизор меравад дар соли ҷорӣ миқдори пулиси аспсавор дар Тоҷикистон афзоиш ёбад.
Ба гуфтаи оқои Норматов, зимни баргузории маросимҳои расмӣ бо ширкати теъдоди зиёди мардум, истифода аз пулиси савори асп муассир аст. Зеро дар қиболи ин ҷонварон афроде, ки қасди нақзи қонун доранд, аз иқдоми худ даст мекашанд.
Вай афзуд, ки истифода аз пулиси савори асп дар куллия кишварҳои пешрафта таҷрибаи маъмулӣ аст.
Ба гуфтаи оқои Норматов, истифода аз пулиси савора буд, ки шаби 31-уми декабр маросими таҷлил аз соли нави мелодӣ дар майдони “Дӯстӣ”–и шаҳри Душанбе бидуни мушкиле баргузор шуд.
Пулиси Тоҷикистон низ дар қарни гузашта танҳо аз асп истифода мекарад, вале бо ворид шудани худравҳо ва лавозимоти дигари вижа, маъмурони интизомӣ аспсавориро фаромӯш карданд.
Дар даҳаи 1990 дар гурӯҳи вижаи пулис, ки раҳбарии онро Сӯҳроб Қосимов бар ӯҳда дошт, иқдоме барои таъсиси гурӯҳи пулиси савори асп рӯйи даст гиприфта шуд. Вале ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин таҷруба он солҳо чандон бобарор набудааст.
Дар ҳамин ҳол, Абдуқаюм Юсупов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ки истифода аз пулиси савора барои муассир сохтани фаъолияти ниҳодҳои интизомии кишвар иқдоми хуб аст.
Вай афзуд: “Вале муҳим ин аст, ки то куҷо маъмурони пулис дар истифода аз асп ҳирфаӣ ҳастанд. Ахиран, мо мушоҳида кардем, ки чанд тан аз сокинони Маскав аз рафтори ғайричашмдошти пулиси савора осеб диданд. Зеро, асп ҷонварест, ки на ҳар кас тавони идораи онро дорад.”
Оқои Юсупов мегӯяд, ки дар бораи таҳияи низомнома дар бораи истифода аз пулиси савора иттилоъе надорад ва ба ин далел рӯшан нест, ки ҳадафи аслии таъсиси гурӯҳи маъмурони пулиси аспсавор чист – таъмини амният ё ҷилавгирӣ аз тазоҳуроти мардум?
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки низомнома дар бораи истифода аз асп аз сӯйи маъмурони пулис аз сӯйи давлати кишвар тасвиб шудааст ва “ҳадафи он танҳо таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аст”.
Зимнан, бархе аз соҳибназарон иддаъо доранд, ки теъдоди пулиси Тоҷикистон дар муқоиса бо замони шӯравии пешин бамаротиб афзоиш ёфтааст ва ниёзе барои истифода аз асп дар маросимҳои ҷамъиятӣ намондааст.
Вале, ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, чунин иддаъо бепоя аст ва миқдори маъмурони пулиси Тоҷикистон дар муқоиса бо бист соли қабл андак афзоиш пайдо кардааст ва ин амр бо мизони афзоиши ҷамъияти ин кишвар созгор аст.
Ҳарчанд, ба гуфтаи оқои Асадуллоев, дар муқоиса бо кишварҳои дигари ҳамсуд, теъдоди пулиси Тоҷикистон бамаротиб камтар аст.

воскресенье, 2 января 2011 г.

29 декабри соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар  он нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон доир ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» шунида шуд. Дар ҳисобот, аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2010 дар майдони 458 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст ва ин ба 91% нақшаи барои соли 2010 қабулшуда баробар аст. Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар 300 гектар заминҳои обии партов, ки обёриашон мушкил аст, боғҳои нави зардолу бунёд ёфтанд. Тайи як сол дар боғу токзори нави ноҳия 99860 бех ниҳол шинонда шуд, ки 59860- тои онҳо ниҳолҳои мевадиҳанда мебошанд. Тибқи маълумоти раис дар ноҳияи Қубодиён соли равон 3125 тонна ангур ва 1782 тонна дигар анвои мева ҷамъоварӣ шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ      Раҳмон дастур дод, ки дар боғу токзори нав бештар ниҳолҳои меваҳои хушлаззати содиротӣ, аз қабили зардолу, гелос, шафтолу, ангур, анор, бодом ва ғайра шинонда шаванд. Супоришҳои мушаххас доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва аз ин ҳисоб зиёд кардани иқтидори содиротии Тоҷикистон ҳамчунин ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дода шуд.
Доир ба рафти иҷрои Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015 Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳисобот дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ       Раҳмон барои татбиқи минбаъдаи босамари барнома ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ миёни аҳолӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011  қабул шуд. Мутобиқи он тамоми мақомоти масъули ҳокимияти давлатӣ вазифадор шудаанд, ки барои таъмини иҷрои нишондодҳои буҷети давлатӣ дар соли 2011 ва сарфи ҳадафманду босамари маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои судбахш андешанд.
Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011 ва Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ шуд.
Лоиҳаи як зумра қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бархе аз қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи милитсия», ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра пешниҳод шуданд.
Лоиҳаи ду қонуни нав - «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як зумра лоиҳаҳои қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мониторинги экологӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат қитъаҳои замин барои тақсимот ба аҳолии ниёзманд баҳри сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо карда шуд. Аз ҷумла ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 387,1 га барои 2508 оила, ноҳияи Ёвон 222,93 га барои 1810 оила, ноҳияи Хуросон 89,7 га барои 910 оила, ноҳияи Панҷ 87,28 га барои 639 оила, ноҳияи Вахш 413,03 га барои 2871 оила, ба ноҳияи Ҷиргатол аз мавзеи Лахш 172,06 га барои 500 оилаи муҳоҷирони ихтиёрӣ аз ноҳияҳои водии Рашт ва оилаҳои ниёзманди худи ноҳияи Ҷиргатол ва ба ноҳияи Варзоб 117,39 га барои 1351 оила ҷудо гардид.
Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор барои ҷамъбасти босифати натиҷаҳои соли сипаришаванда ва омодагӣ ба ҷашнҳои Наврӯз ва солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ, кабудизоркунии муҳити зист, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум супоришҳои мушаххас дод.

Русия парвози ҳавопаймоҳои Ту-145Б-ро манъ мекунад

Ин ҳавопаймо, ки ҳомили 124 сарнишин буд, пеш аз бархостан аз замин аз Сургут оташ гирифт, ки дар асари он се нафар кушта ва 43 нафар маҷруҳ шуданд.
Созмони назорат бар эминии ҳавоии Русия гуфт, ки мамнуъияти парвози ин ҳавопаймо то замони рӯшан шудани иллати ҳодиса ба қуввати худ боқӣ хоҳад монд.
"Ҷаъбаи сиёҳ"-и ҳавопаймо, ки садоҳо ва додаҳои пеш аз ҳодиса дар он забт мешавад, кашф шудааст.
Ин ҳавопаймо муделе аз ТУ-154 аст, ки аз давраи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба ҷо монда ва дар масирҳои дохилӣ дар Русия ба кор гирифта мешавад.
Ба гузориши хабаргузории РИА новости ҳамакнун чаҳордаҳ ТУ-154Б дар Русия хадамот медиҳанд.
Инфиҷори шадид
Як сухангӯйи Созмони ҳаводиси изтирории Русия гуфт ин ҳавопаймо мутаъаллиқ ба хутути ҳавоии "Когалимавиа" барои парвоз ба мақсади Маскав омода мешуд, ки яке аз мутурҳояш оташ гирифт.
Ба гуфтаи ӯ , оташсӯзӣ сипас боъиси як инфиҷори шадид шуд, ки ҳавопайморо нобуд кард ва шуълаҳои оташ дар ноҳияе ба вусъати 100 метри мураббаъ пахш шуд.
Бештари мусофирон пеш аз вуқуъи инфиҷор онро тахлия карда буданд.
Сергей Григорев, хонандаи гурӯҳи "На-на", ки дар ҳавопаймо буд, гуфт: "Дуди сиёҳи ғализе баланд шуд ва мардум ваҳшат карданд. Амалан аз рӯйи сару калаи ҳам рад мешуданд."
Ба навиштаи хабаргузории русии ИТАР ТАСС ӯ афзуд: "Зиндагиам як лаҳза аз пеши чашмам гузашт."
Яке дигар аз аъзои ин гурӯҳ гуфт, ки онҳо аз яке хуруҷиҳои изтирории рӯйи бол аз ҳавопаймо хориҷ шуданд ва ҳеҷ як осебе надиданд.
Ҳавопаймои Ту-154 дар даҳаи 1970 хадамотрасониро шурӯъ кард, аммо як ришта ҳаводис боъиси нигаронӣ дар мавриди эминии он шуд.
Аэрофлот, хутути ҳавоии миллии Русия куллия 23 ҳавопаймои боқимонда аз ин навъро дар январи 2010 аз хадамотрасонӣ хориҷ кард.
Лех Кочинский, раиси ҷумҳури Лаҳистон, соли гузашта дар асари суқути як ҳавопаймои Ту-154 мутаъаллиқ ба нерӯи ҳавоиии Лаҳистон дар ғарби Русия кушта шуд.

Сомонаи мо кушода шуд хуш омадед!