Мақомоти интизомии Тоҷикистон қасд доранд, ки теъдоди пулиси савори асп дар ин кишварро афзоиш диҳанд.
Дар охирин рӯзи соли гузашта дар амнияти ширкаткунандагони маросими таҷлили соли нави мелодӣ дар майдони “Дӯсти”-и шаҳри Душанбе гурӯҳи пулиси савори асп мушорикат карданд.Аз ин гурӯҳи пулис, ки соле қабл таъсис шудааст, умдатан барои ҷилавгирӣ аз беназмиҳо зимни тазоҳурот истифода мешавад.
Тоҳир Норматов, раиси ситоди вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, ки ҳоло дар ихтиёри ниҳодҳои интизомӣ танҳо 15 асп қарор доранд. Ба гуфтаи вай, интизор меравад дар соли ҷорӣ миқдори пулиси аспсавор дар Тоҷикистон афзоиш ёбад.
Ба гуфтаи оқои Норматов, зимни баргузории маросимҳои расмӣ бо ширкати теъдоди зиёди мардум, истифода аз пулиси савори асп муассир аст. Зеро дар қиболи ин ҷонварон афроде, ки қасди нақзи қонун доранд, аз иқдоми худ даст мекашанд.
Вай афзуд, ки истифода аз пулиси савори асп дар куллия кишварҳои пешрафта таҷрибаи маъмулӣ аст.
Ба гуфтаи оқои Норматов, истифода аз пулиси савора буд, ки шаби 31-уми декабр маросими таҷлил аз соли нави мелодӣ дар майдони “Дӯстӣ”–и шаҳри Душанбе бидуни мушкиле баргузор шуд.
Пулиси Тоҷикистон низ дар қарни гузашта танҳо аз асп истифода мекарад, вале бо ворид шудани худравҳо ва лавозимоти дигари вижа, маъмурони интизомӣ аспсавориро фаромӯш карданд.
Дар даҳаи 1990 дар гурӯҳи вижаи пулис, ки раҳбарии онро Сӯҳроб Қосимов бар ӯҳда дошт, иқдоме барои таъсиси гурӯҳи пулиси савори асп рӯйи даст гиприфта шуд. Вале ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин таҷруба он солҳо чандон бобарор набудааст.
Дар ҳамин ҳол, Абдуқаюм Юсупов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ки истифода аз пулиси савора барои муассир сохтани фаъолияти ниҳодҳои интизомии кишвар иқдоми хуб аст.
Вай афзуд: “Вале муҳим ин аст, ки то куҷо маъмурони пулис дар истифода аз асп ҳирфаӣ ҳастанд. Ахиран, мо мушоҳида кардем, ки чанд тан аз сокинони Маскав аз рафтори ғайричашмдошти пулиси савора осеб диданд. Зеро, асп ҷонварест, ки на ҳар кас тавони идораи онро дорад.”
Оқои Юсупов мегӯяд, ки дар бораи таҳияи низомнома дар бораи истифода аз пулиси савора иттилоъе надорад ва ба ин далел рӯшан нест, ки ҳадафи аслии таъсиси гурӯҳи маъмурони пулиси аспсавор чист – таъмини амният ё ҷилавгирӣ аз тазоҳуроти мардум?
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки низомнома дар бораи истифода аз асп аз сӯйи маъмурони пулис аз сӯйи давлати кишвар тасвиб шудааст ва “ҳадафи он танҳо таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аст”.
Зимнан, бархе аз соҳибназарон иддаъо доранд, ки теъдоди пулиси Тоҷикистон дар муқоиса бо замони шӯравии пешин бамаротиб афзоиш ёфтааст ва ниёзе барои истифода аз асп дар маросимҳои ҷамъиятӣ намондааст.
Вале, ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, чунин иддаъо бепоя аст ва миқдори маъмурони пулиси Тоҷикистон дар муқоиса бо бист соли қабл андак афзоиш пайдо кардааст ва ин амр бо мизони афзоиши ҷамъияти ин кишвар созгор аст.
Ҳарчанд, ба гуфтаи оқои Асадуллоев, дар муқоиса бо кишварҳои дигари ҳамсуд, теъдоди пулиси Тоҷикистон бамаротиб камтар аст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий