ТОЧИКИСТОН!!!
Точикистон сарзамини тазодҳои табиии шигифтангез мебошад. Силсилакўҳҳои баланде, ки сарчашмаи бештари дарёҳои минтақаи Осиёи Марказй ҳастанд, дараҳои зебоманзар, водиҳои гарми дорои вазъи иқлимии мўътадил, ки дар онҳо киштзорҳои пахта, ангурзорҳо, боғҳои меваҳои шаҳдбор доман паҳн кардаанд, биёбонҳои баландкўҳе, ки дар сардиву сармо камтар аз фасли зимистони Сибир нест - ин ҳама дар ҳудуди Чумҳурии Точикистон воқеъ гардидааст. Масоҳати Чумҳурии Точикистон 143,1 ҳазор километри мураббаъ ва аҳолии он бештар аз шаш миллион нафар мебошад. Аз шимол ба чануб 350 километр ва аз ғарб ба шарқ 700 километр имтидод дорад. Тўли умумии марзҳои чумҳурй бештар аз 3 ҳазор километр аст. Аз чумла 1030 километр бо Давлати Исломии Афғонистон, 230 километр бо Чумҳурии Мардумии Чин марзи муштарак дорад ва аз тарафи шимолу ғарб бо кишварҳои Ўзбекистону Қирғизистон ҳамчавор мебошад. Шаҳрҳои муосир ва хонаҳои истиқоматиро бе таъмини шароити рифоҳй аз қабили оби гарм, марказҳои гармидиҳй ва учоқҳои газ наметавон тасаввур намуд. Сабк ва тарҳҳои мемории муосир ҳамакнун, чи шаҳрҳои бостонии Хучанд, Панчакент, Истаравшан (Ўротеппа), Кўлоб ва чи шаҳрҳои нав аз қабили Хоруғ, Қайроқум, Норак, Роғун, Сарбанд ва амсоли онҳоро оро додаанд. Шаҳри Душанбе, пойтахти Чумҳурии Точикистон бузургтарин шаҳри кишвар буда, теъдоди аҳолии он беш аз ним миллион нафар мебошад. Шаҳри Қайроқум бо қолинҳо ва фаршҳои марғуби худ хеле машҳур аст. Шаҳри Норак низ зебост. Шаҳри Норак бо банди об ва нерўгоҳи барқи обии беназири худ машҳур мебошад. Точикистон аз лиҳози захираҳои нерўи барқи обй дар чаҳон яке аз чойҳои аввалро соҳиб мебошад. Баъди ба охир расидани сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии Сангтўда ва Роғун дар дарёи Вахш Чумҳурии Точикистон на танҳо эҳтиёчоти дохилии худро ба нерўи барқ таъмин мекунад, балки метавонад ба бозори чаҳонй низ онро барорад. Муддати беш аз 20 сол аст, ки нерўгоҳи барқи обии Норак - ин мўъчизаи нерўофарин маҳалҳои аҳолинишини водии ҳисор, корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе, корхонаи алюминии шаҳри Турсунзода, мучтамаъи тавлидии барқ ва кимиёии Ёвонро бо нерўи барқи арзон таъмин мекунад. Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонун) Чумҳурии Точикистон ҳокимияти давлатй шакли президентй дошта, Президенти Чумҳурии Точикистон сарвари давлат ва ҳокимияти ичроия (ҳукумат) мебошад. 6 ноябри соли 1999 дар натичаи интихоботи умумихалқй Эмомалй Раҳмонов ба мўҳлати 7 сол Президенти Чумҳурии Точикистон интихоб гардид.
Мачлиси Олй - парламенти Чумҳурии Точикистон мақоми олии намояндагй ва қонунгузор мебошад. Мачлиси Олй аз ду мачлис - Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон иборат буда, мўҳлати ваколати он 5 сол аст.
Мачлиси намояндагон дар асоси интихоботи умумии бевосита ва овоздиҳии пинҳонй интихоб гардида ба таври доимй ва касбй амал мекунад.
Баъди фурўпошии давлати абадқудрати Иттифоқи Советй дар сарзамини собиқ шўравй як қатор давлатҳои мустақил арзи вучуд намуданд.
9 сентябри соли 1991 Чумҳурии Точикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Барои нахустин бор баъди 1100 соли таъсиси давлати Сомониён точикон дубора соҳибдавлат шуданд.
Мачлиси Олй - парламенти Чумҳурии Точикистон мақоми олии намояндагй ва қонунгузор мебошад. Мачлиси Олй аз ду мачлис - Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон иборат буда, мўҳлати ваколати он 5 сол аст.
Мачлиси намояндагон дар асоси интихоботи умумии бевосита ва овоздиҳии пинҳонй интихоб гардида ба таври доимй ва касбй амал мекунад.
Баъди фурўпошии давлати абадқудрати Иттифоқи Советй дар сарзамини собиқ шўравй як қатор давлатҳои мустақил арзи вучуд намуданд.
9 сентябри соли 1991 Чумҳурии Точикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Барои нахустин бор баъди 1100 соли таъсиси давлати Сомониён точикон дубора соҳибдавлат шуданд.
Номи давлат | Чумхурии Точикистон |
Пойтахт | Душанбе |
Бузургтарин шаҳрҳо | Хучанд, Кургонтеппа, Хоруг, Кулоб |
Минтақаҳои ҳаммарз | Дар Шарк бо Хитой (414 км), дар Шимол ва Fарб бо Киргизистон (870 км) ва Узбекистон (1161 км), дар чануб бо Афгонистон (1206 км). |
Масоҳати умумй | 143,1 км2 |
Масоҳати хушкй | 142 700 км2 |
Масоҳати обй | 400 км2 |
Координатҳои ҷуғрофй | 39° 00" ,71° 00" |
Масоҳати марз бо кишварҳои ҳамсоя | 3651 км |
Баландтарин нуқтаи кишвар | Куллаи Исмоили Сомонй (собик куллаи Коммунизм) бо баландии 7495 m |
Пасттарин нуқтаи кишвар | Сирдарё 300 m |
Аҳолй | |
Дар маҷмўъ: | 6.587.681 (мувофики маълумот аз соли 2001) |
Мардон | 49,8 % |
Занон | 50,2 % |
Аҳолии шаҳр | 26,6 % |
Аҳолии деҳаҳо | 74,4 % |
Зичии аҳолй | 43,2 нафар дар як км |
Синну сол | |
Аҳолии то 14 сола | 41,18 % (мардон 1.367.194; занон 1.341.967) |
Аҳолии то 15 то 65 сола | 54,22 % (мардон 1.773.605; занон 1.341.967 ) |
Аҳолии аз 65 сола боло | 4,6 % (мардон 131.009; занон 171.561 ) |
Афзоиши аҳолй | 2,12 % (мувофики маълумотхои соли 2001 ) |
Зоиш | 33,23 навзод (ба 1000 нафар) |
Фавту муриш | 8,57 холатхои марг (ба 1000 нафар) |
Кучбандии аҳолй | -3,49 фирорй (ба 1000 нафар) |
Фавти кудакон | 116,09 фавт (ба 1000 Neugeborene) |
Акди никох | 21.578 (мув. маъл. аз соли 1999) |
талок | 2339 (мув. маъл. аз соли 1999) |
Давомнокии умр ба хисоби миёна | |
Дар мачмуъ | 64,1 сол |
Мардон | 61,09 сол |
Занон | 67,42 сол |
Фавти кудакон | 117 холати фавт ба 1000 зоишхо |
Гуруххои этникй/ халкиятхо | |
Точикон | 64,9 % |
Узбекхо | 25 % |
Русхо | 3,5 % |
Дигар аккалиятхои миллй (Тоторхо, Украинхо, Олмонихо, Киргизхо, Яхудихо, Арманихо ва г.) | 6,6 % |
Мазхаб | |
намояндагони равияи суннй | 80 % |
равияи Исмоилия | 5 % |
дигар пайравони равияи шиа, равияи ортодоксй, масехй ва яхудй | 15 % |
Фарогирии ахолй бо алифбо | |
Дар мачмуъ | 98 % |
Мардон | 99% |
занон | 97 % |
Сохторхои шугли ахолй | |
Кувваи корй | 1,9 милион (1996) |
Аз он чумла дар саноат | 20 % |
Дар хочагии кишлок | 50 %, |
Хизматрасонии маишй | 30 % |
Сатхи бекорй | 5,7 % (ба таври расмй кайдшуда ) |
Иктисодиёт | |
афзоиши истехсолот | 10 % (2000) |
тавлиди барк | 15.623 млрд. кв. с (1999) |