Мақомоти расмӣ мегӯянд, маъмурони амниятии Тоҷикистон, Алии Бедакӣ, раҳбари гурӯҳи тундравони исломӣ ва масъули ҳамлаи хунин ба сарбозони вазорати дифоъро куштанд. Тоҳир Норматов, раиси ситоди вазорати умури дохила гуфт, Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ рӯзи сешанбе дар амалиёте дар водии Рашт кушта шуд. Вазорати умури дохила гуфт, ҳафт шарики Алии Бедакӣ кушта ва як тани дигарашон дастгир шудааст. Дар ҳамла ба корвони мошинҳои сарбозони вазорати дифоъ 28 нафар кушта шуданд.
ТОЧИКИСТОН
среда, 5 января 2011 г.
Писари охирин шоҳи Эрон худкушӣ кард
Алиризо Паҳлавӣ, дуввумин фарзанди писари Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ, охирин шоҳи Эрон, субҳгоҳи чаҳоруми январи соли 2011-и мелодӣ, дар манзили маскунии худ дар шаҳри Бостони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба зиндагии худ хотима дод.
Вебсайти расмии Ризо Паҳлавӣ бо интишори иттилоияе бо имзои Ризо Паҳлавӣ, Фараҳ Паҳлавӣ, Фараҳноз Паҳлавӣ , Ёсуман Паҳлавӣ, Нур Паҳлавӣ, Эмон Паҳлавӣ зимни эъломи ин хабар навиштааст : « Шодравон, ҳамчун миллионҳо ҷавони эронӣ, аз ончи, ки ба нораво ба меҳани азизаш мегузашт, сахт озурда ва ғамгин буд ва низ ҳеҷ гоҳ хотираи дардноки марги падар ва хоҳари азизаш, ӯро раҳо накард.»
Дар ин иттилоия ҳамчунин изофа шудааст: «Бисёр кӯшид, ки ба гунае бар ин бӯҳрони даруни ғолиб ояд, дареғо, ки муваффақ нашуд, то ин, ки саранҷом дар субҳгоҳи чаҳоруми январи соли 2011 дар манзили маскунии худ дар шаҳри Бостони Амрико ба зиндагии худ хотима дод ва ҳама хонавода ва дӯстонашро дар ғами амиқ фурӯ бурд.»
Ҳанӯз ҷузъиёти бештаре аз марги Алиризо Паҳлавӣ мунташир нашудааст.
Алиризо Паҳлавӣ, дар 28-уми апрели соли 1966 ба дунё омада дар донишгоҳи Ҳорвард дар риштаи эроншиносӣ таҳсил карда буд. Вай дуввумин фарзанди Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ аст, ки бо худкушӣ, ба зиндагии худ поён медиҳад. Шоҳдухт Лайло Паҳлавӣ нӯҳ сол қабл дар меҳмонхонае дар Лондон, бо истифода аз доруҳои хобовар, даст ба худкушӣ зада буд.
Муҳаммадризо Паҳлавӣ, шоҳи фақиди Эрон дар 27 –уми июни соли 1980-и мелодӣ дар бемористоне дар Қоҳира даргузашт ва дар ҳамон шаҳр дафн шуд.
Фараҳ Дебо, саввумин ва охирин ҳамсари Муҳаммадризо Паҳлавӣ буд, ки дар авохири солҳои панҷоҳуми қарни гузашт бо шоҳи Эрон издивоҷ кард. Нахустин фарзанди писари онҳо Ризо як сол пас аз ин издивоҷ ба дунё омад. Фараҳ Дебо се фарзанди дигар ба номҳои Фараҳноз, Алиризо ва Лайло ба дунё овард.

вторник, 4 января 2011 г.
Пешниҳоди сарвазири Молдова ба мухолифин
Номзад ба мақоми сарвазирии Молдова Влад Филат гуфт, парлумони нави кишвар тавони интихоби раиси ин ҷумҳурӣ ва раҳоии Молдова аз бунбасти қонуниро дорад. Филат гуфт, эътилофи аҳзоби рӯ ба Ғарб – барандаи интихоби моҳи ноябр – метавонад дар ивази чанд райъи лозим барои интихоби раисиҷумҳур дар кобинаи нав ба ҳизби коммунист як курсӣ пешниҳод кунад. Ба эътилофи ҳамоиш бо Аврупо барои интихоби раисиҷумҳури ҷадид дар парлумон ҳамагӣ 2 райъ намерасад. Ҳизби коммунисти раисиҷумҳури собиқ Владимир Воронин ҳанӯз ба пешниҳоди Филат посухе надодааст. Ин ҳизб қариб 2 сол боз ҳама талошҳо барои интихоби раисиҷумҳури ҷадиди Молдоваро дар парлумон бойкот мекунад.
Раёсати Литва дар САҲА оғоз ёфт
Аудрониус Азубалис, вазири хориҷаи Литва, ки раёсати давраии САҲА-ро бар ӯҳда дорад, гуфт, раҳбариаш аз машварати роҳҳои ҳифзи идомаи фаъолияти ин созмони мӯътабари минтақаӣ дар Беларус шурӯъ шудааст. Азубалис аз инки мақомоти Беларус маъмурияти дафтари САҲА дар Минскро тамдид накарданд, изҳори “таассуфи амиқ” кард. Ӯ гуфт, САҲА “машваратҳои ғайрирасмӣ ба хотири ахзи як тавофуқи барои ҳамаи ҷонибҳо қобили қабулро оғоз кардааст.”
Замони маъмурияти дафтари САҲА дар Минск рӯзи 31 декабр ба поён расид, вале Беларус дар пайи интиқоди нозирони САҲА аз интихоби ахири раёсати ин ҷумҳурӣ аз тамдиди замони маъмурияти ин дафтар даст кашид.

понедельник, 3 января 2011 г.
"Мухолифони мусаллаҳ дар Афғонистон зери фишор қарор гирифтаанд"
Дар ҳоле, ки маъмурияти низомии НАТО дар Афғонистон бо интиқодоти зиёд рӯбарӯ аст, нерӯҳои кӯмак ба амният ва ё ISAF дар ин кишвар мегӯянд, барои саркӯб кардани мухолифони мусаллаҳ, манобеи бештарро ба даст овардаанд.
Генерал Ҷузеф Блотз, сухангӯи ISAF дар Афғонистон мегӯяд, бо истифода аз ин манобеъ, ки бештар аз сӯи Амрико ва соири кишварҳои кӯмаккунанда фароҳам шудааст, барои тақвият ва таҷҳизи нерӯҳои афғонӣ низ истифода мешавад.
Оқои Блотз, ки рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул сӯҳбат мекард гуфт, бо ин ҳол мухолифони мусаллаҳ дар марказҳои аслиашон дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон зери фишор қарор гирифтаанд.
Вай дар идома гуфт: «бо афзоиши нерӯ мо тавонистем то Толибон ва соири шабакаҳои шӯриширо дар вилоятҳое монанди Ҳилманд, Қандаҳор, Урузгон, Қундуз, Бағлон ва соири вилоятҳо ба мушкил мувоҷеҳ созем, ки дар чандин соли гузашта ба мушкил рӯбарӯ набуданд. Ин масъала мунҷар ба афзоиши бештари хушунатҳо шуд, ки мо интизори онро доштем, аммо табъан ба сурати кул ин як иқдом ва як марҳалаи зарурии стратегӣ буд. Мутаассифона авзоъ қабл аз ин, ки беҳбуд ёбад бадтар шуд, ки мо ин масъаларо дар авохири соли 2010 шоҳид будем.»
Ин изҳорот дар ҳоле иброз мегардад, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико низ дар баррасии тозаи стратегияи ҷанг дар Афғонистон таъкид кард, ки барои расидан ба ҳадаф, манобеи бештар дар ин кишвар фароҳам гардад.
Аз сӯи дигар, сухангӯи мулкии НАТО дар Афғонистон соли 2010-и мелодиро дар ин кишвар як соли пурдастовард мехонад. Ба гуфтаи сухангӯи мулкии НАТО дар Афғонистон, дар ин сол пешрафҳои зиёде дар арсаи беҳбуди авзоъи амниятӣ сурат гирифта ва мухолифони мусаллаҳ аз бисёрии манотиқи аслияшон дар Қандаҳор ва Ҳилманд берун ронда шуданд.
Аммо бисёре аз коршиносони низомии афғон бар ин боваранд, ки ба ҷои фароҳам кардани манобеи бештар, бояд як стратегияи муассир дар ҷанги Афғонистон тарҳрезӣ шавад. Генерал Атиқулло Амрхел, яке аз ин коршиносон дар ин маврид чунин гуфт: «Стратегия дар раъси тамоми умур қарор дорад, агар як стратегияи дуруст ба шакли амалӣ тарҳ шавад, қадам ба қадам таъқиб мешавад ва дар он стратегия аслан мардум дар назар гирифта мешаванд то, ки мардум ба тарафдорӣ бархезанд. Ин хубтар аст нисбат ба ин, ки мо бигӯем, ки ин манобеъро ба даст овардаем то ҷанг кунем ва мардум бикушем, бинобар ҳамин беҳтарин манбаъ ин аст, ки мардуми Афғонистонро ба тарафи сулҳ ҷазб кунад.»
Нерӯҳои ISAF ба раҳбарии НАТО аз ҳудуди 10 сол ба ин тараф саргарми мубориза бо Толибон ва Ал-Қоида дар Афғонистон ҳастанд. Дар ин муддат авзоъи амниятӣ дар бахшҳои мухталифи Афғонистон ба вахомат гароида ва даргириҳо дар бисёре аз вилоятҳои ороми ин кишвар низ густариш ёфтааст.
Аммо нерӯҳои ISAF ва қувваҳои афғон мегӯянд, ки дар соли 2011-и мелодӣ ҳамзамон бо оғози раванди таслими масъулиятҳои амниятӣ аз нерӯҳои байналмиллалӣ ба қувваҳои афғон, талошҳо ба ҳадафи таъмини амнияти беҳтар дар ин кишвар ташдид хоҳад шуд.

Коргарони НОБ-и Сангтӯда-1: Як сол боз маошашонро нагирифтаанд
Коргарони ширкати нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мегӯянд, ин ширкат аз авохири соли 2009 ба ин сӯ ҳуқуқи моҳонаи онҳоро пардохт накардааст. 80 дарсади коргарони ширкати «Сангтӯда-1» шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Элчибек Маҳмадбеков, прораби ширкати «Гидрострой», ки ба корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» машғул аст, мегӯяд, ин корхона аз ӯ беш аз 19 ҳазор сомонӣ қарздор аст.
Ӯ афзуд: «Мо дар ин робита ба раиси ширкати «Сангтӯда-1» Владимир Белов муроҷиат кардем. Вай ваъдаи ҳалли мушкилро дод, вале ба қавлаш вафо накард. Сипас ба додситонии ноҳияи Данғара ва вилояти Хатлон арз кардем, натиҷа надод. Ба додситони кулли ҷумҳурӣ шикоят бурдем. Ваъда доданд, ки ин масъаларо ҳал хоҳанд кард. Вале чор моҳ сипарӣ шуду ҳоло ҳам ҷавобе нест».
Масъулини нерӯгоҳ: "Барқи тоҷик" қарзро пардохт кунад
Бароталӣ Одинаев, прораби дигари ҳамин ширкат, дар ноҳияи Данғара ба сар мебарад. Ба гуфтаи ӯ, аз моҳи сентябри соли 2009, вақте ки аз ҳисоби сохтмончиёни нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ширкати осиёимиёнагии «Гидрострой» ташкил шуд ва раёсати онро ҷаноби Ким бар уҳда гирифт, ду моҳи аввал ба коргарон моҳона додаанд, вале баъд аз он мушкил пеш омадааст.
Вале масъулони ширкати «Сангтӯда-1» далели пеш омадани мушкил дар пардохти моҳонаи коргаронро ба қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз ин нерӯгоҳ рабт медиҳанд.
Илҳом Ҳакимов, намояндаи ширкати «Сангтӯда-1», бо таъйиди пардохт нашудани моҳонаи коргарон гуфт: «Қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то якуми декабр 130 миллион сомониро ташкил медод. Нерӯи барқ истеҳсол мешавад, вале ширкати «Барқи тоҷик» пулро пардохт намекунад».
Баҳси Белов бо Ким... ва коргарони бемузд
Ҷаноби Ҳакимов далели дигарро ба ҳам наомадани Владимир Белов, раиси нави ширкати «Сангтӯда-1» ва ҷаноби Ким, раиси ширкати осиёимиёнагии «Гидрострой», меномад. Ба эътиқоди Илҳом Ҳакимов, баъд рӯи кор омадани раиси нави «Сангтӯда-1» Владимир Белов бархе аз коргарони ширкати «Гидрострой», ки соли 2009 аз ҳисоби коргарони нерӯгоҳ ташкил шуда буд, ихтисор шуданд ва ҳамин тавр мушкили пардохти моҳона пеш омад.
Ба нақли ҷаноби Илҳом Ҳакимов, соли 2010 ширкати осиёимиёнагии «Гидрострой» лағв карда шуд ва 28 нафар мутахассисони ин ширкат дар ширкати «Сангтӯда-1» ба кор шурӯъ карданд.
Ин масъули ширкати «Сангтӯда-1» дар мавриди ҳаққи моҳонаи пардохтнашудаи беш аз 100 нафар коргарони «Гидрострой» мегӯяд: «Мо ҳисоб кардем. Моҳонаи пардохтнашудаи коргарони ширкати «Гидрострой» ҳудуди як миллион сомониро ташкил медиҳад. Мо инро ба ҷаноби Белов расондем. Вай ваъда дод ва санади пардохти моҳонаи ин коргаронро имзо кард. Агар то 15-уми январ ба пардохт шурӯъ накунад, мо ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат хоҳем кард. Ғайр аз додгоҳи иқтисодӣ ба тамоми ниҳодҳо, аз ҷумла ба вазорати меҳнат ва додситонӣ бо имзои 52 нафар коргар шикоят кардаем».
Ба гуфтаи коргарони ширкати «Гидрострой» мусаллам аст, ки ширкати «Барқи тоҷик» пули барқи «Сангтӯда-1»-ро пардохт намекунад ва масъалаи моҳонаи онҳо норушан боқӣ мемонад. Ва суол мекунанд, ки чаро додситонӣ тафтиш намекунад, ки чаро ширкати «Гидрострой»-ро ташкил карданд ва баъди як соли кор ва қарздор шудани он ин ширкатро бастанд.

Грэҳем:"Дар Афғонистон пойгоҳҳои доимии ИМА ташкил шаванд"
Сенатори ҷумҳурихоҳ Линдсей Грэҳем мегӯяд, мавҷудияти пойгоҳи доимии низомии Амрико дар Афғонистон ба нафъи амнияти минтақа хоҳад буд ва нерӯҳои афғонро дар муқобила бо шӯришиён кӯмак хоҳад кард.
Сенатори ҷумҳурихоҳи Линдсей Грэҳем, ки хати маши Амрикоро назорат мекунад , мегӯяд, ки Вашингтон хоҳони равобити қавӣ ва дарозмуддат бо Афғонистон мебошад то мутмаин шавад, ки ин кишвар бори дигар ба лонаи террористон мубаддал нашавад.
Гузориши Асошиэтед Пресс меафзояд, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико низ дар ин авохир ишораҳое дар мавриди ҳузури дароозмуддат ва қавии Амрико дар Афғонистон дошт, аммо ҳеҷ тафсилоте дар ин бора ироа накард.
Сенатор Грэҳем дар мусоҳибаи НБС гуфтааст, ки аз мақомоти амрикоӣ мехоҳад, ки дар бораи пойгоҳҳои доимӣ дар Афғонистон андеша кунанд.
Сенатор Линдсей Грэҳем мавзӯи пойгоҳҳои доимӣ дар Афғонистонро дар ҳоле матраҳ мекунад, ки тибқи стратегияи низомии раиси ҷумҳур Обама дар Афғонистон, нерӯҳои амрикоӣ қарор аст имсол хуруҷ аз Афғонистонро оғоз кунанд ва то соли 2014-и мелодӣ масъулияти амнияти ин кишварро ба нерӯҳои афғон бисупоранд.
Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ҷанг алайҳи шӯришиён дар Афғонистон пешрафтҳое дорад, аммо дастовардҳо собит ва мустаҳкам намебошанд.
Нерӯҳои ҷаҳонӣ ба раҳбарии НАТО рӯзи якшанбе аз кушта шудани як сарбози дигари худ дар ҷануби Афғонистон хабар доданд. Бо марги ин сарбоз шумори талафоти нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз оғози соли нави мелодӣ, ки имрӯз саввуми он аст, ба се нафар мерасад.

Подписаться на:
Сообщения (Atom)